Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Трамп нахустин бор дар замони COVID - 19 ниқоб пӯшид

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни боздид аз маркази ҳарбӣ-тандурустӣ ниқоби тиббӣ пӯшид. Аз як тарафи ниқоб муҳри тиллоии президентӣ дарҷ гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп нахустин бор дар ҷои умумӣ бо ниқоби тиббӣ пайдо шуд, хабар медиҳад нашриёти СBC.

Трамп: рӯз аз рӯз аз Чин бештар асабонӣ мешавам

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп зимни боздид аз шифохонаи ба номи Walter Reed дар наздикии Вашингтон ниқоби тиббӣ пӯшид. Раисиҷумҳур бо низомиёни захмишуда ва пизишконе, ки парастории беморони корононавирусро бар ӯҳда доранд, дидору мулоқот кард.

Трамп ниқоби рангаш кабуди баланд пӯшидааст. Аз як тарафи ниқоб муҳри тиллоии президентӣ дарҷ гардидааст. Қайд мешавад, ҳайтае, ки президентро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, низ ниқоб пӯшида буданд.

Амрикоиҳо Трампро раисҷумҳури заиф донистанд

"Ман фикр мекунам ин кори хуб аст - пӯшидани ниқоб. Ман ҳеҷ гоҳ мухолифи пӯшидани ниқоб набудам, вале ҳамаи чиз макон ва замони худро дорад". - гуфт Трамп дар суҳбат бо рӯзноманигорон Доналд Трамп.

То ин дам Доналд Трамп дар ҷое ҳам бо ниқоби тиббӣ пайдо нашуда буд, аммо гуфта буд, ки мумкин ниқоб ба ӯ зебанда бошад.

Бар пояи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то имрӯз беш аз 3 миллиону 240 ҳазор кас ба коронавируси нав мубтало шудаанд.