ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Назарбегим Муборакшоева ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора журналист Улфатхоним Маҳмадшоева дар фейсбук дар гурӯҳи Pamir news хабар додааст.
Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.
Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.
Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст.
Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.
Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.
Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ.
Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.