Боздиди Қоҳир Расулзода аз мактабҳои нави ноҳияи Ховалинг

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ховалинг аз мактабҳои нав дидан намуда бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури раисиҷумҳур сурат мепазирад, аз ноҳияи Ховалинг боздиди кардааст.

Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар додаанд.

Зимни шиносоии Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии №18 деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ зикр гардид, ки муассиса барои 640 хонанда дар як баст, иборат аз 2 ошёна, синфхонаҳои барҳаво, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ,ҳуҷраи омӯзгорон ва директор бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Супоришҳои Расулзода ба масъулин барои суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Балҷувон

Дар деҳаи Токаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо низ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 сохта шудааст. Ба сарвазир гуфтаанд, ки таълимгоҳи мазкур барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна, 8 синфхона, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва директор иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ/НСИФТ) соли 2019 оғоз гардида, арзиши умумии он тахминан 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, Расулзода дар ноҳияи Ховалинг аз рафти нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳолати истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дидан намудааст.

Қитъати замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» Раҳмон Давлатов 0,20 гектарро ташкил дода, дар майдони 0,01 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхонаҳо помидор, қаланфури булғорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Дар 0,15 гектар кишти бодиринг, қаланфур, картошка сир, лубиё, каду ва макка ба роҳ монда шудааст.

Шаҳрванд Раҳмон Давлатов бо аҳи оилааш аз ин замин ҳар сол то 8 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Чаро Қоҳир Расулзода боз ба вилояти Хатлон сафар кард?

Зимни боздиди Сарвазир аз ҳолати нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқнии “Суруш” иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ 21 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, картошка, сабзавот ва хӯроки чорво роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани кишти картошка хоҷагидор дар майдони 1 га замин кишти онро ба роҳ монда, дар 4 га юнучқа, 7 га гандум кишт ва дар 5 га боғ бунёд намудааст.

Хоҷагидор дар асоси барномаи рушди боғпарварӣ соли 2014 дар масоҳати 5 га боғ бунёд карда, дарахтони себ, нок, гелос, чормағз ва ангур парвариш менамояд, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд. Роҳбарии хоҷагиро Саймеҳриддин Ғаффоров ба уҳда дорад. Ҳама фарзандонаш аҳлона дар хоҷагӣ ба кори кишоварзӣ машғул мебошанд.