ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар, тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.
Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и Тоҷикистон аз 23 октябр то 4 ноябри соли равон, доир мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ дар як кишвар доир мегардад, ки то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.
ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.
Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.