ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қимати фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 50 дарсад гарон шудани нархи газро дақиқан шарҳ намедиҳанд.
Як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гуфт, сабаби баланд рафтани нархи газро дақиқан шарҳ дода наметавонад.
"Мо коргари оддӣ ҳастем. Ҳисобу китоби хариди фурӯш дар ихтиёри роҳбарият аст, чи хел нархро муқаррар кунанд, мо аз рӯи ҳамон ба фурӯш мегузорем", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Корманди як таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки болоравии нархи газ ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ворид намудани газ ба Тоҷикистон кам шуда ва аз ҳамин лиҳоз нархи он баланд рафтааст.
Аммо Усмон Раҳматов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, баланд бардоштани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.
Чаро дар нархи нафту газ мувозинат дида намешавад
"Агар нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ масъалан бензин ва дизел ҳам дар баробари газ то 50 % боло мерафтанд, гуфтан мумкин буд, ҳаҷми воридоти маводи сӯхт дар Тоҷикистон кам шуда, ин ба болоравии нарх бетаъсир намондааст. Аммо тавре мебинед, танҳо газ боло рафтааст. Ин аз он сабаб, ки ҳоло бештари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунанд", - афзуд коршинос.
Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 3, 9 то 4 ва дар баъзе ҷойҳо 4, 2 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои май ва июн, арзиши он аз 2, 5 то ба 2, 8 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад.
"Ҳоло барои як нуқтаи сафар 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт як ронандаи таксӣ.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.
Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.
"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.