Супоришҳои Расулзода ба масъулин барои суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Балҷувон

Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ба масъулин ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, бозсозии роҳ то мавзеи Сари Хосор, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Дар доираи  ин сафар ба вилояти Хатлон, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар  ноҳияи Балҷувон ошно гардид.  

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Чаро Қоҳир Расулзода боз ба вилояти Хатлон сафар кард?

Сарвазир бо ҳайати гурӯҳи корӣ бо корҳои  таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» ошно шудааст.

Гуфта мешавад, ки навсозии ин  роҳҳо дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон амалӣ гардида, саҳми соҳибкорон  дар ин ободкориҳо зиёд аст.

"Масофаи роҳи мумфаршгардида наздики 4 км-ро ташкил дода, корҳои сохтмониро техникаҳои роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия анҷом медиҳанд", - омадааст дар хабарнома.

Масъулин иттилоъ додаанд, ки аз соли 2019  азнавбарқарорсозии Қаълаи таърихии Мири Балҷувон  оғоз гардида, алаккай як қисмати корҳо дар ин макони таърихӣ ба анҷом расидаанд. Қаълаи  мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия маҳсуб шуда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.

Расулзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ҷойи баргузории намоишгоҳ, литсейи касбӣ-техникӣ, майдони Парчами давлатӣ, осорхона ва варзишгоҳ дидан карданд.

Сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷараён  дошта, он яке аз  иншооти  ҷашнӣ маҳсуб мешавад.

Дар иншоот 35 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳамчунин дар ноҳия ҷаласаи кории назди сарвазир дар Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумат ва фаъолони ноҳия доир гардид.