Сафорат: дар қабристони муҳоҷирон дар Якутия ҷасади тоҷикон нест

Тавре намояндагони Сафорати Қирғизистон дар Русия муайян карданд, дар қабристони мазкур ҷасади нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. "Қабристони ғайриқонунӣ"-и муҳоҷирон дар наздикии Якутск ғайриқонунӣ набудааст.

Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

Қабрҳои дар наздикии Фабрикаи паррандапарварӣ пайдошуда дар ҳудуди қабристони мусалмонӣ қарор доранд, хабар додааст намояндаи Сафорати Қирғизистон дар Русия ба Sputnik Қирғизистон.

"Барои гӯручӯб кардани ҷасадҳо дар макони мазкур иҷозатномаи вижа низ ҳаст", - таъкид кардааст вай.

Ин ниҳод ҳамчунин, маълумот дар бораи онро, ки дар ин қабрҳо ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон низ хок карда шудааст, такзиб кардааст.

 

Ҳамчунин, дар ниҳоди дипломатии мазкур таъкид карданд, ки қабристони мазкурро ба тартиб меоранд: кӯчаашро таъмир карда, ҳудуи қабристонро тоза кардаанд. Оромгоҳро Раёсати мусалмонони Якутия нигоҳбонӣ мекунад.