Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Эстакада дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд.

Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид.

Гуфта шудааст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

“Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт”, - таъкид доштаааст манбаъ.

Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи иншоот бо таъкид гуфт ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Дар Душанбе дар давоми ду сол эстакада сохта мешавад

Бояд қайд кард, ки дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуда буд.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 оғоз гардида буд.

Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд.

Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.