ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва маҳаллаҳои дигар рафта, об меоварданд, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият”.
“Бо саҳми зодагони шаҳри Кӯлоб - Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кард, ки сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.
Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод
Нашрия афзудааст, ки ба амалҳои хайру ватандӯстона даст задани соҳибкорону афроди саховатпеша вусъат меёбад, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.