Русия доруи зидди вируси коронаро ба содирот шурӯъ кард: ба Тоҷикистон мефиристад?

Ба расонаҳо хабари аввалин содироти маводи зидди вируси корона, ки дар Русия истеҳсол шудааст, дастрас гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Русия ба содироти маводи зиддивурусӣ, ки ба наздики ба коркарди он шурӯъ кард, оғоз намуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Коронавирус дар сар то сари ҷаҳон: наздики 12 миллион нафар гирифтори COVID-19
Номи доруи мазкур "Авифавир" мебошад, ки аз ҷониби Фонди маблағгузориҳои бевоситаи Русия ва Маркази технологияи олии "ХимРар" истеҳсол гардидааст.

Маводи мазкурро Вазорати тандурустии кишвар иҷозат додааст. Феълан содироти онро Русия ба Белорус ба роҳ мондааст.

Таъкид мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба ин маводи Русия ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин дархостҳо аз бархе кишварҳои Аврупо, Амрикои лотинӣ ва ҷануби шарқии Осиё расидаанд.

 Ёдрас мешавем, ки дар охирҳои моҳи май "Авифавир" - маводи зидди вируси коронаро Вазорати тандурустии Русия тасдиқ кард. Он аввалин маводе буд, ки дар Русия коркард гардида, зидди инфексия равона шудааст.

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур ба паҳн шудани коронавирус дар бадани инсон монеа мешаванд. Баробари ин, мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти маводи зидди коронавирус ва ваксина омода ҳастанд.