Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғизашон вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.