ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Серпухова шаҳрванди Тоҷикистон ғарқи об шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Бар хабари расонаҳо, ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 6 - уми июл дар минтақаи Калиновские Висилки рух додааст. Шаҳрванди 30 - солаи Тоҷикистон дар канал танҳо оббозӣ карда, ногаҳон зери об рафт ва ғарқ шуд.
КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ
Гурӯҳи наҷотбахшон бо дарёфт намудани ин хабар фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади беҷони муҳоҷири тоҷикро аз дохили об берун оварданд.
Феълан, мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот мебаранд.