Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

Шумораи ҳолатҳои фавт аз коронавирус дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар шудааст. Вазорати тандурустӣ омори нави фавт аз ин бемориро нашр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.