Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи "Куктош" таъйин шуд

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии муваффақ ва шинохтаи тоҷик ба вазифаи сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.

Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: рақобати "Хуҷанд" ва "Куктош": навори пурраи бозӣ
Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.

 Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.

Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.