Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40-сола дар Конибодом

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 40-сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42-сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.