Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ғарқшавии як ҷавон ва як ноболиғ дар дарёи Шоҳдараи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд.

Ғарқшавии ҷавони 17-сола дар Душанбе: ҷасадаш аз шафати "Яккасарой" пайдо шуд

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар додаанд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст,ки бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст.

Марги кӯдаки 3-сола ва захмӣ шудани навраси дигар дар Мурғоб: зери девор монданд

"Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ аст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.

Ҳоло кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд.