Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

Тавсияҳо барои дафн кардани мусулмонон дар замони пандемияи коронавирус бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Идораи динии мусулмонони Қирғизистон дар бораи қоидаҳои маросими дафни фавтидагон аз коронавирус фатво содир кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Гӯристони тоҷикони фавтидаи даври пандемия дар Маскав-видеои шанбегии ризокорон

Ба иттилои манбаъ, муфтиёт фатворо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии ин кишвар содир намудааст.

Намояндагони Идораи динии мусалмонони Қирғизистон  хотиррасон мекунанд, ки тибқи қоидаҳои Ислом, хешовандон бояд ҷасади фавтидаро шуста, кафанпӯш намоянд ва сипас намози ҷаноза хонда шавад.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Аммо аз сабаби хатари паҳншавии COVID-19, шумораи ками одамон бояд дар намози ҷаноза ширкат кунанд. Дар ин ҳолат, бояд тамоми чораҳои  бехатарӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб риоя карда шавад.

Гузашта аз ин, Идораи динии мусалмонони ин кишвар таъкид намудааст, ки дар шароити ҳозира хондани намози ҷаноза дар як вақт барои чанд фавтида ҷоиз аст.

Муфтиёт ҳамзамон тавсия додааст, ки агар шустани ҷасад барои атрофиён хатарзо бошад, иҷро намудани шартҳои зерин кофист то ҷасадро зери хок кунанд:

  • Худро аз ҷасад канор гирифта онро бо об пошед
  • Агар имкони шустани ҷасад бо об надошта бошед, либоси муҳофизатӣ ба бар намуда рӯй ва дастҳои шахси фавтидаро то оринҷ молиш диҳед. Нафаре, ки ин корро анҷом медиҳад, нахуст бо даст бояд ба замин занад.
  • Агар ҷасадро худи пизишкон шуста кафанпеч намоянд, зарурати дигарбора шустани он лозим нест.
  • Ҷасадро ба ҳеҷ ваҷҳ сӯзондан ё бо кислота ва дигар маводҳои кимиёӣ пошидан мумкин нест.
  • Дар робита ба шароити кунунӣ ҷасадро дар халта ва ё тобут бояд дафн кард.