ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC дар вазни сабук ба Рамазон Қодиров раисҷумҳури Чеченистон барои иштироки ӯ дар маросими дафни падараш изҳори миннатдорӣ кард.
Навор аз маросими дафн ва сӯҳбати Ҳабиб бо Қодиров дар Instagram нашр гардидааст.
"Барои ҳамаи кумакҳоятон ба Шумо сипосгузорам. Ташаккури зиёд... Ҳар коре, ки аз дасти мо омад, анҷом додем.... Инро дар хотир нигоҳ доштан бисёр муҳим аст. Бигзор ин як амале бошад, ки халқи моро муттаҳид кунад", - афзудаст Нурмуҳаммадов.
Зимнан, Ҳабиб ба раисҷумҳури Чеченистон барои интиқол додани падараш аз Доғистон ба шаҳри Маскав низ изҳори сипосгузорӣ кард.
Ёдова мешавем, ки падари 58 - солаи Ҳабиб, Абдулманап Нурмуҳаммадов бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав фавтид.
Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард
Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.