Садамаи маргбор: мошини махлуткуни бетон ба дарёи Панҷ чаппа шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбор, ки дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон сурат гирифтааст, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи тоҷикистон ҳодисаи нохуш санаи 2-юми июли соли равон, тахминан соати 22:00 дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб” рух додааст.

Садамаи маргбори ду акаву додари тоҷик дар Русия: навори лаҳзаи мудҳиши садама нашр шуд

Тавре ВУД хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хова”, ки ба ширкати “Чайнароуд”-и Чин тааллуқ дошта, таҳти идораи Икромов Раҳимҷон Зокирҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб” дар 350 км, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст. 

Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур Икромов Раҳимҷон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, ВУД таъкид доштааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.