ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Имрӯз, соати 14:53 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои АМИТ "Ховар", маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе ва 50 километр дуртар аз водии Рашт ҷойгир будааст.
Хисорот ба қайд гирифта нашуд: дар Тоҷикистон замин ларзид
Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Хушбахтона дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.