Санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон маълум шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон бо судури ҳукме, аз замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар дар таърихи чаҳоруми октябри соли 2020 хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бар асоси ҳукми Соронбой Жеенбеков, комиссияи марказии интихобот бояд тибқи қавонини ҷумҳурии Қирғизистон барои иҷрои интихобот омодагӣ дошта бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Интихобот 2020: кӣ бурду кӣ бохт

Бар асоси ин гузориш, давлати Қирғизистон бояд зимни анҷоми иқдомоти лозим барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар тарҳи раъйгирӣ, ҳамроҳ бо риояти усули беҳдоштӣ, бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона дар ин кишвар, ба комиссияи марказии интихобот дар заминаи таъмини амнияти киберии сомонаҳои диҷитали, ироаи каналҳои иртиботии қобили эътимод ва таомул байни дигар ниҳодҳои давлатӣ кумак кунад.

Интихоботи парлумонии пешини Қирғизистон дар соли 2015 баргузор шуд ва дар натиҷаи он намояндагони аҳзоби сотсиал - демократ, республика Отажурт, Қирғизистон ва дигар аҳзоби сиёсӣ вориди маҷлис шуданд.

Парлумони Қирғизистон 120 намоянда дорад ва олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст.