ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1446 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1500 сомонӣ арзиш дорад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3088 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6366 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бар пояи нишондодҳои ахир, арзиши рубл дар бозори асъори кишвар, ки аввали ҳафтаи равон каме боло буд, имрӯз ҷумъа ҳадди ақат то ду сомонӣ поин рафтааст.
Доллар бошад, давоми ҳафтаи равон дар ҳоли суқут қарор дорад, аммо коршиносони умури иқтисод қаблан гуфта буданд, ки ҷаҳиши ин астъор дар моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1475 то 0,1495 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1500 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1455 то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.