Трамп: рӯз аз рӯз аз Чин бештар асабонӣ мешавам

Раисҷумҳури Амрико, ки ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт, рӯз аз рӯ асабонияташ аз Чин бештар мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран дар як паёми твиттерӣ гуфт,  “ҳарчи бештар мебинам, ки ҳамагирии корона рӯйи зишти худро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад ва хисорати бузурге ба Амрико мезанад, бештару бештар аз дасти Чин асабонӣ мешавам”.

"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон Трамп Чинро ба тавлиди вируси корона ва анҷом надодани иқдомоти лозим барои пешгирии ба мавқеъ аз густариши он муттаҳам мекунанд.

Чин бо радди иттиҳомҳо эълом кардааст, ки беш аз ҳар кишвари дигаре барои паҳн наёфтанидш вируси корона дар ҷаҳон талош карда ва бештарин ҳазинаҳоро пардохтааст.

Интиқодҳо аз Трамп ба далели мудирияти нокоромади буҳрони корона дар Амрико ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Антони Фаочи, раиси Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико бо ишора ба олуда шудани рӯзона беш аз 40 ҳазор нафар ба вируси корона дар ин кишвар эълом кардааст агар шумори рӯзонаи мубталоён ба 100 ҳазор нафар ҳам бирасад, ҷойи тааҷҷуб нест.