Назарбоев аз COVID - 19 шифо ёфт: акси тозаи ӯ нашр шуд

Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тести аввалин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои муайян кардани COVID - 19 манфӣ баромад, хабар дод сухангӯи Назарбоев Айдос Укибой дар Twitter.


Рӯзи 18 июн дар бораи сироят шудани нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба маризии COVID - 19 хабар дода шуд. Пас аз ин хабар Назарбоев танҳонишинӣ мекард.

"Ман хабарҳои хуш дорам. Тести имрӯзаи президент барои муайян кардани коронавиус манфӣ баромад. Тибқи дастурҳои пизишкон Назарбоев ҳамоно хонанишинӣ карда, дуркор мешавад ва бештар дар ҳавои тоза сайру гашт мекунад", - навиштааст сухангӯи Назарбоев.

"Мактуби президентҳоро худаш мехонад": сухангӯи Назарбоев вазъи саломатияшро шарҳ дод

Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 528 ҳолати нави сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум дар кишвар 42 574 кас гирифтори COVID - 19 шудааст. Шумораи беморони бидуни нишонаҳо ба ин омор дохил намешавад.