Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз имтиҳоноти дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ММТ, имтиҳоноти аввалин барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А оғоз гардид. 

ММТ қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар соли 2020 эълон кард

Ба иттилои манбаъ, Дар соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил додааст.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 16 ҳазору 601 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар аст.

Гуфта мешавад, давраи асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1-ум то 7 уми июл дар 48 маркази имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳия доир мешавад.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

ММТ мегӯяд, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳонҳо дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 тамоми чораҳои безараргардонӣ андешида мешавад.

“Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуотии ММТ мегӯяд, кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки бевосита бо довталабон кор мекунанд, бояд ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ пӯшанд.