Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Мухлисони клуби футболи Хуҷанд бо ироаи муроҷиатнома ба Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз амалкарди доварон изҳори нигаронӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Дар муроҷиатномаи худ мухлисони бошгоҳи футболи "Хуҷанд" аз Рустами Эмомалӣ тақозо намудаанд, ки ба доварон барои амалкардҳои ношоиста ва судури таъйинотҳои ғайрикасбиашон танбеҳ дода шавад, то ки онҳо ба чунин рафторҳои шубҳабарангези худ дар ҷараёни бозиҳои футбол хотима диҳанд.

"Мӯҳтарам раис! Саҳми Шумо оид ба пешрафт ва оммавӣ гардонидани футбол дар кишварамон беназир аст. Мо мухлисони футболи тоҷик аз тамоми канору гӯшаи кишварамон аз Шумо миннатдорем. Лекин обрӯю нуфузи Федератсияи футболи Тоҷикистонро доварону нозирон ва баъзе кормандони федератсия рафторҳояшон паст зада истодаанд”, омадааст дар муроҷиатнома.

Мухлисони футболи Хуҷанд бо нашри муроҷиатномаи худ дар саҳфаи расмии КФ “Хуҷанд” дар шабакаи Фейсбук гуфтаанд, ки дар даври 4-уми бозиҳои Лигаи олӣ ба маҳзи содир намудани хатогии доварон бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” ба ҳисоби 2-2 ба анҷом расид, ки чунин натиҷа бо хатоии довар сар зад.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров буд ва ба делели роҳ додан ба хатогӣ Кумитаи интизомии ФФТ аз ҳаққи доварӣ дар 2 давр маҳрум намуд.

“Ҳаммаи инро дидаю дониста Лигаи футболи Тоҷикистон дар бозии марказии даври 7-ум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” Насрулло Кабировро ҳамчун сардовари бозӣ эълон намуд. Дар ин бози низ Насрулло Кабиров якчанд қарорҳои нодуруст ё қасдан нодуруст баровард ва ба ҳисоби бозӣ таъсири худро расонид”,-зикр намудаанд мухлисон дар муроҷиатнома.

Бино ба таъкиди мухлисони футбол бозии даври 7-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо зиёд камбудиҳо баргузор шудааст, вале нозирону доварони бозӣ барои саривақт ислоҳ намудани камбудиҳо чораандешӣ карда натавонистаанд.

Бозӣ бидуни тамошобин: “Истиқлол” боз соҳиби суперҷоми Тоҷикистон шуд

“Дар вақти танаффус бозингарони “Истқилол” 30 дақиқа ба бози набаромаданд, вале сардовар ба ин амалкарди худсаронаи футболбозон ягон чора андешида натавонистааст”, омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол Мурод Умаров, директори КФ "Хуҷанд" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муроҷиатномаи мухлисони дастаашро ба унвони Раиси ФФТ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хондааст.

Ӯ гуфт, баъд аз танаффуси 15 дақақаи, футболболзони дастаи “Истиқлол” то даҳ дақиқа эътироз карда ба майдон набаромаданд.

“Футболбозон гуфтанд, ки то замони аз варзишгоҳ берун нашудани мухлисон, онҳо ба бозӣ идома нахоҳанд дод. Онҳо 8-9 дақиқа эътироз карда ба майдон набаромаданд. Дуруст аст, ки ҳоло тибқи дастури ФФТ баргузории бозиҳо бе иштироки тамошобинон бояд сурат бигирад, аммо масъалаи роҳ додан ё надодани тамошобин кори комиссари бозӣ аст, на хости футболбозон. Барои чи футболбозон чунин эътироз карданд, инро худошон медонанд, мо аз ин амалкарди онҳо ҳайрон мондем”, гуфт Умаров.

Директори КФ "Хуҷанд" иброз намуд, ки ба фаъолияти доварони футбол онҳо дахолат карда наметавонанд ва амали ғайриҳирфавии онҳо аз сӯи ФФТ баррасӣ карда мешавад.

Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ноиби қаҳрамони мамлакат рӯзи 28-уми июн, дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод ва ба ин тартиб бо касби 19 хол мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқоти Тоҷикистон ҳифз намуд.

Пирӯзии бузург, аммо бидуни тамошобин: бозии "Истиқлол" ва "Регар - ТадАз" - акс

Тими "Хуҷанд" баъд аз ин бохташ бо 13 имтиёз пас аз "Хатлон" дар ҷои 3-юм қарор гирифт.

Бино ба иттилои манобеъи огоҳ аз фаъолияти футболи кишвар ҳақмузди доварон ба ҳисоби сарулибоси варзишии онҳо дар бозиҳои Лигаи Олӣ ва Якум аз ҷониби ФФТ пардохт карда мешавад.

Дар ҳар як бозӣ то панҷ нафар довар сафарбар шуда ба онҳо аз 3, 7 то 4, 5 ҳазаор сомонӣ гонорар барои доварӣ дар ҳар як бозии Лигаи Олӣ ва Якум пардохт карда мешавад.

Ҳақмузди доварон дар Лигаи Дуюм бошад, бар души худи дастаҳо аст ва барои як бозӣ дастаи мизбон муваззаф аст, ки 1700 сомонӣ гонорари доварони бозиро пардохт намояд.

Шикасти "Хуҷанд" аз "Истиқлол" дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020

Мухлисони футболи Хуҷанд дар муроҷиатномаи худ таъкид намудаанд, ки аз муносибати яктарафаи доварон боиси бешавқии мухлисон ба футболу коҳиши боварӣ нисбати Федератсияи Футболи Тоҷикистон мегардад.

Мухлисони футбол аз масъулини ФФТ хостори ислоҳ намудани доварон шудаанд.