Се намунаи ваксинаи Русия бар зидди Ковид-19 самараи худро нишон доданд

Дар Русия се навъи ваксинаи бар зидди коронавирус пешбинишуда, муфидияти худро тавонистанд, ки нишон диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Се намуди ваксинаҳои бар зидди коронавирус бомуваффақият озмоиш карда шуданд, гуфт Ринат Максютов, директори генералии Маркази Вектор.

"Инҳо доруҳои пешқадамтарин аз рӯи натиҷаҳои бадастомада мебошанд" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Максютов гуфт, ки дар марказ якчанд гурӯҳҳо оид ба ваксинаҳои насли нав кор мекунанд, ки дар маҷмӯъ беш аз 100 кормандро ташкил медиҳанд.

"Чизи аз ҳама муҳим ин муҳофизат аз касалӣ барои касоне, ки ваксина мешаванд. Эҷоди маводи мухаддире, ки метавонад ин муҳофизатро ташкил кунад, мушкилоти бузургтарин аст" гуфт ӯ.

Қаблан муовини сарвазир Татяна Голикова Маркази Векторро яке аз пешвоёни эҷоди ваксина барои COVID-19 номида буд.

Пандемияи коронавирус ба тамоми мамлакатҳо паҳн шудааст. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, шумораи умумии беморон аз 9,8 миллион зиёд шудааст, ки аз он 495 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Русия зиёда аз 641 ҳазор сироятҳо ошкор карда шуда, 9166 бемор фавтиданд.