Путин ва Лукашенко дар Ржев ёдгории Аскари советӣ ифтитоҳ карданд

Sputnik

Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Белорус Александр Лукашенко ёдгории аскари советиро дар шаҳри Ржеви вилояти Твер ботантана ифтитоҳ карданд.

Раисҷумҳурон дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд ва хотири қурбониёнро бо лаҳзаи хомӯшӣ шод карданд.

"Ёдгории Ржев - боз як намоди хотираи ҳамаи мост. Намоди таъзим дар назди бузургон ва фидокориҳои аскари қаҳрамон, наҷотдиҳанда, пирӯз ва аскаре, ки тамоми Аврупо ва ҷаҳонро аз натсизм озод кард, мебошад", - гуфт Путин вақти суханронӣ.

Вай афзуд, ки вақт ҳокими чунин қаҳрамониҳои аскарони сурх нест ва хотири онҳо ҷовидонист.

Лукашенко дар баромадаш қайд кард, ки то замоне одамон ба назди ёдгориҳо мераванд, онҳо ҷанги хонумонсӯзро фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҳамчунин, Путин ва Лукашенко дар аксияи байналмилалии "Боғи хотира" иштирок карда, ба хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дарахт шинониданд.

1 / 13
Низомиён пеш аз оғози маросими ифтитоҳи ёдгории Ржев, лавҳаи Аскари советӣ
2 / 13
Президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ёдбуди аскароне, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҷон бохтаанд, ба Ржев сафар карданд
3 / 13
Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Белорус Александр Лукашенко ёдгории аскари советиро дар шаҳри Ржёви вилояти Твер ботантана ифтитоҳ карданд
4 / 13
Раисҷумҳурон дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд ва хотири қурбониёнро бо лаҳзаи хомӯшӣ шод карданд.
5 / 13
"Ёдгории Ржёв - боз як намоди хотираи ҳамаи мост. Намоди таъзим дар назди бузургон ва фидокориҳои аскари қаҳрамон , наҷотдиҳанда, пирӯз ва аскаре ки тамоми Аврупо ва ҷаҳонро аз натсизм озод кард, мебошад", - гуфт Путин вақти суханронӣ.
6 / 13
Вай афзуд, ки вақт ҳокими чунин қаҳрамониҳои аскарони сурх нест ва хотири онҳо ҷовидонист
7 / 13
Лукашенко дар баромадаш қайд кард, ки то замоне одамон ба назди ёдгориҳо мераванд, онҳо ҷанги хонумонсӯзро фаромӯш нахоҳанд кард.
8 / 13
Ҳамчунин, Путин ва Лукашенко дар аксияи байналмилалии "Боғи хотира" иштирок карда, ба хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дарахт шинониданд.

9 / 13
30 июни соли 2020. Дар шаҳри Ржевск ёдгории Аскари сурх ифтитоҳ шуд
10 / 13
30 июни соли 2020. Дар шаҳри Ржевск ёдгории Аскари сурх ифтитоҳ шуд
11 / 13
30 июни соли 2020. Президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи ёдгории Аскари советӣ иштирок карданд
12 / 13
30 июни соли 2020. Дар шаҳри Ржевск ёдгории Аскари сурх ифтитоҳ шуд
13 / 13
30 июни соли 2020. Дар шаҳри Ржевск ёдгории Аскари сурх ифтитоҳ шуд