Коронавирус сабаб шуд: санаи баргузории намоиши Осорхонаи миллӣ дар Париж тағйир ёфт

Қарор буд намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Парижи Фаронса рӯзи 14 октябри соли равон баргузор мешуд, аммо ба далели густариши вируси корона ин намоишгоҳ соли 2021 баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ахиран бо дархости сафорати Фаронса дар Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири он кишвар хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.

Субҳонзода: нақша аст, ки ҳафтае 6 парвоз байни Душанбе ва Париж анҷом шавад

Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса ва махсусан баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Парижи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки моҳи октябри соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

“Вобаста ба вазъи сартосарии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва бо сабаби он, ки то ҳол дар Фаронса ҳолати эпидемиологӣ ба эътидол наомадааст ва баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ бо ҷалби меҳмонону сайёҳон манъ мебошад, директори Осорхонаи Гимейи шаҳри Париж пешниҳод намудааст, ки баргузории Намоишгоҳи мазкур дар моҳҳои аввали баҳори соли 2021 ба нақша гирифта шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки тибқи консепсияи тарҳрезишудаи Намоишгоҳи байналмилалии нигораҳои таърихии Тоҷикистон бо шумули барномаи фарҳангӣ дар Фаронса, як қатор корҳои ташкилӣ - тадорукотӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ иҷро гардида, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.