Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, 3 000 шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиши аз Русия ба ватан баргаштанро доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Зиёда аз 3000 нафар ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои ба ватан баргаштан тариқи парвозҳои чартерӣ муроҷиат намудаанд, изҳор дошт Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Эълони сана ва хатсайри парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия-ҷадвал

Сафир тавзеҳ дод, ки намояндагии дипломатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои бозгашт намудан ба ватан ба ҳамаи шаҳрвандони муроҷиатнамуда кумак намояд.

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

Сатторов мегӯяд, барои амалӣ намудани ин кор танҳо вақт лозим аст.

"Мо умедворем, ки ҳаракати ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия нимаи моҳи июл дубора барқарор мешавад. Аммо ин кор қабл аз ҳама аз Русия вобаста аст. Дар ҳар сурат, мо омодаем, ки парвозҳои иловагии чартериро ҳамоҳанг созем", - илова намуд Сатторов.

Ба изҳори сафири тоҷик музокирот дар ин самт миёни Русия ва Тоҷикистон идома дорад.

Зимнан, Сатторов хабарҳо дар мавриди нархи гарони чиптаи парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро инкор карда, гуфт шаҳрвандони тоҷик ба қиммати аз 23 то 24 ҳазор рубт чипта мехаранд.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

Вай таъкид кардааст, ки ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши маризии коронавирус гаронтар аст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.