Асъори устувор надоранд: Мигранян мушкили системаҳои молиявии кишварҳои ОМ-ро гуфт

Аза Мигранян, сардори шӯъбаи иқтисодии Институти кишварҳои ИДМ шарҳ дод, ки ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ чи монеа мешавад ва онро чӣ гуна ҳал кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳалли мушкилоти системаҳои молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо пас аз рафъи чанд мушкилот имконпазир аст, гуфт мудири шӯъбаи иқтисодии Институти кишварҳои ИДМ Аза Мигранян дар як ҳамоиши онлайнӣ дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ: сенарияҳои рушд пас аз пандемия".

Роҳбари "Сбербанк" коҳиши якбораи қурби долларро дар охири сол пешгӯӣ кард

"Пеш аз ҳама, ин масъалаҳои ташаккули низомҳои пардохтҳои миллӣ мебошанд. Онҳо аз сабаби паст будани капитализатсия ва пардохтпазирӣ ба таври кофӣ фаъолият карда наметавонанд",- гуфт Мигранян.

Коршинос масъалаи системаи имконпазири пардохтро минтақа ба миён гузошта, илова намуд, ки чунин кор танҳо дар ҳамдастӣ имконпазир аст ва Русия метавонад шарики аз ҳама афзалиятнок барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Бартариҳои чунин муошират, узвияти Қазоқистон ва Қирғизистон дар ЕврАзЭС мебошанд.

"Ташаккули ин системаи ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ ва пардохт дар заминаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё “ЕАЭС” ҳалли беҳтарини масъала хоҳад буд" - қайд кард Мигранян.

Вазорати энергетика гуфт, Тоҷикистон чи қадар нафт истеҳсол ва чи қадар воридот кардааст

Мушкилоти дуввум, ба гуфтаи коршинос, вобастагии асъори кишварҳои Осиёи Марказист: ҳеч яке аз ин кишварҳо ба андозаи кофӣ ба асъори устувор надоранд.

"Мо бояд дар бораи он, ки роҳи табдили асъор, бидуни асъори ғайримустақим, ки тавассути доллар сурат мегирад, сӯҳбат кунем" гуфт Мигранян.

Ду фоиз кам: Вазорати иқтисод дурнамои рушд дар соли 2020-ро бозбинӣ кард

Коршинос қайд кард, ки барои ҳаллу фасли ин мушкил бояд як пули умумӣ, эҳтимолан виртуалӣ эҷод карда шавад ё ин масъала дар доираи як иттиҳодияи байналмилалӣ ҳалли худро ёбад.