Саҳрои беканор ва кӯҳҳои осмонбӯс: табиати шигифтангези Тоҷикистон - видео

Сафорати Тоҷикистон дар Русия наворе нашр карда, ки дар он зебогиҳои Тоҷикистони биҳиштосо намоиш дода шудааст
Sputnik

Дар навор обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс ва саҳрои беканори кишвар дарҷ гардидааст.

“Аждаҳои хуфта ” дар кӯҳҳои Помир хатаре надорад

Табиати Тоҷикистон бисёр зебоманзар мебошад: 93 дарсади ин минтақа дар баландии беш аз 1000 метр аз сатҳи баҳр, воқеъ шудааст. Баландтарин нуқтаи Тоҷикистон Қуллаи Исмоили Смомонӣ - 7495 метр баландӣ дорад.

Миёни кӯҳҳои осмонбӯси тоҷикистон кӯлҳои зиёде паноҳгоҳ ёфтаанд. Дар умум дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор кӯл воқеъ аст, вале онҳо танҳо 1 дарсад аз ҳаҷми кишварро дар бар мегиранд.

Пасттарин нуқтаи Тоҷикистон дар шимоли кишвар воқеъ буда, 300 метр баландӣ дорад.

Ду дарёи бузургтарини Тоҷикистон Амударё ва Сирдарё ҷорӣ аст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон сайёҳон бо манзараҳои дилфиреб ва маконҳои диданӣ ошно хрҳанд шуд.