СММ гуфт чаро дар Афғонистон тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёфт

Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар гузориши солонаи худ эълом кард, дар соли 2019, 6400 тонна тарёк дар Афғонистон тавлид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷурмҳои Созмони Миллал дар гузориши  солонаи худ дар мавриди кишти хашхош   дар Афғонистон афзуд, дар соли 2019, 253 ҳазор гектар дар ин кишвар зери кишти гиёҳи хашхош (тарёк) будааст, иттилоъ додаст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилаи Афғонистон ҳам эълом кард, аз соли 2009  то соли 2019  30902 нафар гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо аъзои гурӯҳи Толибон низ ҳастанд.

Гузориши мазкур дар ҳоле ба чоп расидааст, ки ҳудуди бист сол пас аз ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва НАТО, дар ин кишвар мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм амалисозӣ нашудааст.

Гузоришҳои мунташиршуда дар бораи мавзӯи маводи мухаддир дар Афғонистон нишон медиҳад Амрико на танҳо дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир дар он кишвар барномае надоштааст, балки гурӯҳҳои созмонёфтае таҳти ҳимояти неруҳои хориҷӣ дар амри интиқол ва транзити анвои намуди маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо дар солҳои ахир фаолиятҳои густурдае низ доштаанд.

Оморҳои мунташиршуда ҳамчунин нишон медиҳанд, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пас аз ишғоли ин кишвар тавассути Амрико ва НАТО аз соли 2001 то кунун камаш чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Дар хусуси иллатҳои бемайлии Амрико дар мубориза бо кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон, метавон гуфт муҳимтарин далели он даромади қобили таваҷҷуҳи он кишвар аз қочоқи маводи мухаддир аст.