Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муборизаи пизишкони эронӣ бо вируси корона идома дорад

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии беш аз 183 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Дар Эрон шумори фавтидагон аз вируси корона ба 10 ҳазор расид

Ба иттилои вай, дар 24 соати гузашта, 2 489 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1406 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадмоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 222 669 нафар расидааст афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта, 144 нафар аз бморони коронавирус нафар ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагон ба 10 508 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, то кунун 183 301 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.