Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Ҳамла"- и COVID -19 ба дастгоҳи раисҷумҳур: мушовири сарвазир ҳам олудаи коронавирус шуд

Давоми чанд рӯзи охир доираи ҳукуматдорони мубталои маризии коронавирус дар Қирғизистон васеъ шуда истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Артем Новиков мушовири сарвазири Қирғизистон низ гирифтори маризии сироятии коронавирус гардидааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Натиҷаҳои санҷиши президенти Қирғизистон барои коронавирус маълум гардид

Ба иттилои манбаъ, дар баробари мушовири сарвазир ду намояндаи дастгоҳи президент низ мубталои ин вирус шуданд.

"Ташхиси мушовири сарвазирро ба хотири тамос доштанаш ба нафарони бемор гирифта шуд ва натиҷаи он мусбат баромадаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Жээнбеков дар Қирғизистон қарантин шуд: натиҷаи ташхиси ӯ номаълум аст

Ҳамчунин мубталошавии сардори шӯъбаи корҳои ташкилию нозирӣ ва рушди минтақавӣ Жетиген Бакиров ва сардори шӯъбаи саноат, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Маратбек Чолпонқулов ошкор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба далели ошкор шудани вируси COVID -19  дар миёни ду узви ҳайати ҳукумат, ки кишвардорро барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар чорабинии тантанавӣ иширок накард.

Феълан дар қаламрави Қирғизистон 4 513 нафар гирифтори маризии коронавирус мебошанд, ки 2212 мариз аллакай шифо ёфта аз бемористонҳо мураххас шуданд. Ҳамчунин ин маризии даҳшатбор ҷони 46 қирғизистониро рабуд.