ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Нурмаҳмадзода моддаи нав ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”-ро муаррифӣ кард, ки кори якҷояи хешовандон дар мақомҳои роҳбарии бонкро мамнӯъ мекунад.
“Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор, аз ҷумла, “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк” ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад”, - таъкид кард раиси Бонки миллӣ.
Раиси Бонки Миллӣ таъкид кард, ки бар асоси моддаи нав дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ доранд, инчунин, дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ дошта, кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда шудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Нурмаҳмадзода, афзудааст, ки тағйирот ба қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ, ба рушди низоми бонкӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ, зиёд намудани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.