Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қазоқистон мехоҳад парвозҳоро бо Тоҷикистон барқарор кунад

Қазоқистон эълом кард, ки омода аст, бо се "навъ"-и кишварҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон парвозҳоро барқарор кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Қазоқистон парвозҳоро ба роҳ мемонад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Субҳонзода: нақша аст, ки ҳафтае 6 парвоз байни Душанбе ва Париж анҷом шавад

Кишвар бо ин мақсад давлатҳоро ба се "навъ" тақсим кардааст. Ба қисми аввали кишварҳое ворид мешаванд, ки барои мусофирон маҳудудияте нест. Ба ин қисм кишварҳои Маҷористон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия ва Малайзия ворид мешаванд.

Ба навъи дувум Қазоқистон Тоҷикистон, Миср, Украина, Полша ва Ӯзбекистону Қирғизистонро ворид кардааст.

Барои мусофирон аз ин кишварҳо ё маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани коронавирус, ё гузаштан аз ташхиси коронавирус ё карантин ҳангоми расидан ба кишвар муайян карда шудааст.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

Кишварҳои дигар ба қисми севум ворид шудаанд: Қазоқистон нақша надорад, ки феълан парвозҳоро ба ин кишварҳо барқарор кунад.

Ҷониби Тоҷикистон феълан ин изҳороти Қазоқистонро тавзеҳ надодааст.