Вазорат омори нави сироят, шифо ва марг аз коронавирусро эълон кард

аз 30 апрел то 26 июн дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 5747 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4331 (75%) нафар шифо ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Олимон қадимтарин доруеро ёфтанд, ки метавонад коронавирусро мағлуб кунад

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 26 июн дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 5747 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4331 (75%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 286 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 62 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст.

Тоқаев вазири тандурустии Қазоқистонро аз вазифа озод кард: ӯ гирифтори коронавирус буд

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.