Пешниҳоди арзон кардани шартномаи донишгоҳ ба Расулзода: дастгирӣ кунед, то дастгирӣ кунем

Чанд сокини шаҳри Кӯлоб ба раиси Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус яКчанд пешниҳод ироа карда, хостори коҳиш додани арзиши шартномаи донишгоҳ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бисту се нафар сокини шаҳри Кӯлоб дар номае ба раиси Ситоди мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон Қоҳир Расулзода хостори поён бурдани арзиши шартномаи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар робита бо бӯҳрони коронавирус шудаанд.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Дар ин бора расонаи маҳаллии СССР гузориш медиҳад.

Ин сокинон волидони донишҷӯёне будаанд, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

"Мо як гуруҳ падару модарони донишҷӯён бо назардошти ваъияти карантин дар ҷаҳон ва коҳиш ёфтани даромадҳои иқтисодӣ чӣ ба кишвару чӣ ба ҳаряк  оилаи тоҷик якчанд пешниҳод ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва  пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сарварӣ менамояд, дорем", -  омадааст дар мактуби онҳо.

 Ҳамин тавр, волидон ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, солҳои 2020-2021 ҳаққи пардохти маблағҳои шартномаи донишҷӯёни макотиби олӣ ва мактабҳои миёнаи махсус, ҳама намуди муассисаҳои таълимдиҳанда, ки онҷо тариқи шартнома таҳсил мекунанд, коҳиш дода шавад.

Дар Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони хурдсол доранд, кӯмакпулӣ дода мешавад

"Ба оилаҳои ниёзманд, маъюб, нафақахурон 50% иловапулӣ дар тули 1 соли оянда пардохт гардад; шахсони осебдида аз ин вазъият бояд дастгирии молиявӣ бинанд, нархи фурӯши сару либоси мактабӣ бояд 30-40% арзон карда шавад, нархи доруворӣ бояд қатъиян дар назорати давлат бошад, на соҳибкорон, маблағи ташхиси техникии воситаи нақлиёт низ бояд 50% коҳиш ёбад", - афзудаанд сокинон. 

"Умедворем бо назардошти вазъияти молиявии шаҳрвандони мамлакат, алалхусус сокинони деҳот Ҳукумати ҶТ сари ин масъалаҳо фикр хоҳад кард. Мардумро дастгирӣ кунед, то мардум шуморо дастгирӣ кунад", - омадааст дар анҷоми мактуб.

Ёдрас мешавем, 5 июн раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи пандемияи коронавирус фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он ба як гурӯҳ сокинони осебпазири кишвар кӯмакпулӣ расонида мешавад.

"Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмакпулӣ расонида шавад", - омадааст дар фармони президент.