Дар Эрон шумори фавтидагон аз вируси корона ба 10 ҳазор расид

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид -19” ва беҳбудии 172 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Дар як рӯз: мубтало шудани беш аз 2 ҳазор нафар ба коронавирус дар Эрон

Ба гуфтаи вай, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 531 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид -19” дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 340 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони “Ковид -19” дар Эрон ба 212 ҳазору 501 нафар расидааст, афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 133 нафар аз беморони “Ковид -19” ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 9 ҳазору 996 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 172 ҳазору 96 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.