Бонкӣ миллӣ ба ширкати хориҷии “Моор Стивенс” иҷозатномаи фаъолият дод

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “Моор Стивенс” барои фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори навбатии Раёсати Бонки миллӣ дар ин бора санаи 25 июни соли 2020 таҳти №80 ба имзо расидааст.

Бонки миллӣ Алифбонкро 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

Тибқи иттилои манбаъ, мутобиқи моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 10 ва 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моор Стивенс” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Масъулини бонки миллӣ қайд намудаанд, ки дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Моор Стивенс” аз 22 январи соли 2020 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ идораи назорати суғуртавиро, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавиро доранд уҳдадор кардааст, ба Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, сабти дахлдор ворид намояд.