Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то зуҳри имрӯз дар кишвар 5 ҳазору 691 нафар гирифтори коронавирус сабт шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар  Тоҷикистон 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, дар маҷмуъ шумораашон аз 30 апрел то соати 18:00-и 25 июн расман 5 ҳазору 691 нафарро ташкил медиҳад, хабар дод Вазорати тандурустӣ. 

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Бар асоси иттилоияи расмӣ, то имрӯз дар мамлакат 4 ҳазору 269 нафар ё худ 75%-и беморони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"То имрӯз 292 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 75  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумат барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбирро андешида истодааст. 

Аз ҷумла илова шуд, ки феълан дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, хабар додааст Вазорат.