Натиҷаҳои санҷиши президенти Қирғизистон барои коронавирус маълум гардид

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ба далели ошкор шудани маризии коронавирус дар ду узви ҳайати ин кишвар, ки раисҷумҳурро дар сафар ба Русия барои ширкат дар тантанаҳои Рӯзи Пирӯзӣ иштирок ҳамроҳӣ мекарданд, тест супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Натиҷаи санҷиши  раҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барои коронавируси нав манфӣ баромадааст, гуфт сухангӯи раҳбари ҷумҳурӣ Толгонай Стамалиев.

"Ташхиси коронавирус дар президент Сооронбай Жээнбеков ҳангоми ворид шудан ба Бишкек натиҷаи манфӣ нишон дод" гуфт ӯ.

Стамалиеа шарҳ додааст, ки Жээнбеков ҳоло дар ҳолати худҷудоӣ аст ва корҳои идориро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад.

Эпидемиологи Чин ду шарти асосӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирусро гуфт

Ёдовар мешавем беморӣ дар ду ҳамроҳи президент Данияр Сидиков, раҳбари шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент ва яке аз кормандони амниятии ӯ ошкор карда шуд.

"Бемории онҳо ғайримуқаррарӣ аст ва табобат аз имрӯз дар шароити худҷудоӣ дар хона амалӣ хоҳад шуд", илова намуд ӯ.

Санаи 24 июн Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков натавонист дар Паради Ғалаба ба муносибати 75-солагии хотима ёфтани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ширкат варзад.

Мувофиқи низомнома пас аз расидани ҳайати кишвар аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Натиҷаҳои он муайян карданд, ки ду узви ҳайати Қирғизистон мабталои КОВИД-19 будаанд.

Дар робита ба ин, раҳбари Қирғизистон маҷбур шуд, ки зуд ба Бишкек  баргардад ва ба худҷудоӣ равад.