Харобкориҳои боди шадид дар Варзобу Дарвоз: болопӯши хона ва мактабро хароб кард - навор

Боди шадид, ки дирӯз дар Тоҷикистон вазид, Муассисаи таълимии мактаби миёна дар ноҳияи Варзобро бе болопӯш гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи 24 - уми июн шамоли сахт вазид ва ба сокинони пойтахту навоҳӣ андак хисорот ба бор овард.

Шамоли сахт дар Душанбе дарахти азимеро шикаста болои ду мошин афтонд

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, боди шадид болопӯши хонаи як сокини деҳаи Умараки ноҳияи Дарвозро хароб кардааст.

Манбаъ меафзояд, хушбахтона дар ин ҳодиса ягон кас талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ надид.

Шамоли сахт дар Хуҷанд даҳҳо дарахтро решакан ва хатҳои барқиро хароб кард

Зимнан, тибқи маълумоти сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ноҳияи Варзоб дар деҳаи Чорводори ноҳия шамоли сахт болопӯши Муассисаи таълимии мактаби миёнаи №61-ро пурра хароб намуд.

Феълан барои бартараф намудани оқибати ин ҳодисаи табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад.

"Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", таъкид мешавад дар хабар.

Сокинони Душанберо низ вазиши шамоли сахт дар ҳолати ногувор гузошт. Зарнигор Соҳибназарова рӯзноманигори тоҷик дар сафҳаи фейсбукии худ лаҳзаи вазидани шамолро нашр намудаст.

Сабти навор аз бинои "Шарқи озод" сурат гирифт ва дар навор маълум аст, ки шамол чанд танука аз болопӯши ин биноро низ хароб намудаст.