ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, аъзои Шӯро 33 масъала, аз ҷумла, қонун "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси андози Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Манбаъ афзуд, тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Тоҷикистон ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 26-уми июни соли 2020 баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд.
Даргузашти генерал Шамсзода, собиқ вакилу ноиби вазир-акс
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарорҳо дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олии Тоҷикистон, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва интихоби намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Суди конститутсионии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар Шӯро, Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025, Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо, Низомнома дар бораи шаҳодатномаи раис, муовинон ва судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он, Низомнома дар бораи шаҳодатномаи хизматии хизматчиёни давлатӣ ва граждании Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи он, баррасӣ ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд.