Вазири қирғиз: агар вазъ беҳбуд нашавад дубора маҳдудиятҳои ҷиддиро барқарор мекунем

Вазири тандурустии Қирғизистон эълон кард, агар шумораи беморон афзоиш ёбад, маҷбур хоҳем шуд маҳдудиятҳои ҷиддиро дубора барқарор кунем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Собирҷон Абдулкаримов, вазири тандурустии Қирғизистон афзудааст, ки  шумораи мубталоён ба вируси корона рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва агар ин раванд идома ёбад, мақомот маҷбур хоҳад шуд ба вазъи муҷаддади маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ намояд, иттилоъ додааст, радиои Садои Хуросон.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

"Ҳар рӯз беш аз 150 маворид сабт мешавад, бинобарин анҷоми иқдомоти ҷиддитар дар заминаи вазъи маҳдудиятҳо лозим аст”, - гуфт вай.

Вай инчунин таъкид доштааст, ки ситоди пешгирӣ аз густариши вируси корона, тасмим ба мамнуъияти тараддуди васоили нақлиёти мусофиркаш гирифт.

Абдулкаримов хотирнишон шуд, ки бархе шаҳрвандон дар маросимҳое, монанди ҷашни арӯсӣ усули беҳдоштиро риоят намекунанд ва ин гуна иқдомот ба рушди омори корона мунҷар мешавад.

Шумораи мубталоёни вируси корона дар Қирғизистон ба 3356 расид, ки 2021 нафар беҳбуд ёфта ва 40 нафар даргузаштанд.

Теъдоди зиёди шаҳрвандон, ҳатто бо вуҷуди алоими бемории Ковид-19 ба бемористон муроҷиат намекунанд, бинобарин эъломи омори дақиқ дар ин замина мумкин нест.