Аз нахустин парад дар соли 1945, то гузашти низомие, ки 9 май доир нашуд: торихи чорабинӣ

Нахустин гузашти низомии Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав 24 июни соли 1945 баргузор гаштааст. Пас аз ин то соли 1995 гузашти низомӣ дар Рӯзи Пирӯзӣ ва танҳо дар солҳои ҷашнӣ 1965, 1985 ва 1990 баргузор карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Гузаштҳои низомӣ бо ҷалби силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, истифодаи нусхаи нишони расмии Пирӯзии мардуми Иттиҳодӣ Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Нишони Пирӯзӣ баргузор мешавад.

Нахустин гузашти низомии Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав 24 июни соли 1945 баргузор гаштааст. Пас аз ин то соли 1995 гузашти низомӣ дар Рӯзи Пирӯзӣ ва танҳо дар солҳои ҷашнӣ 1965, 1985 ва 1990 баргузор карда шудааст.

Гузашти низомие, ки 9 майи соли 1995 дар Маскав, дар Рӯзи Пирӯзӣ баргузор гардид, аз ду қисми мустақил иборат буд. Дар Майдони Сурх гузашти низомии пиёдаи иштирокдорони ҷанг ва меҳнаткашони ақибгоҳи солҳои ҷанг бо воҳидҳои подгони Маскав , ки гузашти низомии Рӯзи Пирӯзии соли 1945-ро такрор мекарданд, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Нишони Пирӯзӣ низ оварда шуда буд.

Қисми дувуми гузашти низомӣ бо намоиши техникаи ҳарбӣ дар “Поклонная гора” баргузор гардид.

Аз соли 1996 парадҳои низомӣ дар Майдони Сурх ва бе иштироки техникаи ҷангӣ ҳамасола баргузор мегарданд.

Паради 9 майи соли 2000 охирон гузаште буд, ки дар он иштирокдорони ҶБВ дар Майдони Сурх он пиёда гузаштанд. Аз соли 2001 онҳо дар минбар дар қатори тамошобинон менишинанд.

Фарқи асосии гузашти низомии соли 2001 дар он аст, ки бори нахуст онро вазири мудофиаи шаҳрвандӣ қабул кардааст.

Дар соли 2002 бори нахуст дар муҳосибаи гузашт донишҷӯёни Академияи муҳофизати шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия низ ворид карда шуда буданд.
Дар гузашти соли 2005 бахшида ба 60-солагии Пирӯзӣ раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Фаронса Жак  Шерак ва садри аъзами Олмон Герхард Шредер иштирок доштанд.

Дар қисмии торихии чорабинӣ аз Майдони Сурх қӯшунҳои пиёдагард,  қӯшуни танку автомобилҳои зиреҳпӯш, қӯшунҳои обӣ, аскарони савора, ки дар тан либос ва силоҳи соҳои ҷангиро доштанд, гузаштанд.

Бори нахуст аз соли 1945 аз Майдони Сурх кинологҳо бо сагонашон гузаштаанд.

Сипас аз он зери даҳ  ҷабҳаҳои фронтҳои ҶБВ 2 ҳазору 600 иштирокдори ҶБВ дар 130 худрави замони ҷанг, ки махсус барои ин чорабинӣ дар коргоҳи "ЗиЛ"омода шуда буд, майдонро убур карданд.

Зери борон: гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав - 24 июни соли 1945

Ин гузашти ҷанговарон зери  мусиқии замони ҷанг ва таронаҳои ҷанг суръат мегирифт. Дар анҷоми гузашти низомӣ дар осмони Майдони Сурх ҳавопаймоҳои ҷангӣ парвоз карданд.

Соли 2005 бори нахуст ҳангоми баргузории гузашти низомӣ аз камераҳои мобилӣ истифода гардид, ки аксҳоро аз худрави вазири мудофа ва ҳатто ҳавопаймоҳое, ки аз осомони Майдони Сурх парвоз мекарданд, мерасониданд.

Дар паради соли 2006 бори нахуст ҳарбиён ва маллоҳони хизмати қарордодӣ иштирок доштанд.

Соли 2007 овози ровие, ки гузашти низомиро тавзеҳ медод, на танҳо барои тамошобинони телевизион ва шунавандагони радио садо медод, балки ба ҳозирони Майдони Сурх низ шунавонида мешуд.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Бо қарори раисҷумҳури Русия аз соли 2008 дар паради Майдони Сурх иштироки техникаи низомӣ барқарор гардид, ки аз се қисм пиёда, механикӣ ва ҳавоӣ иборат буд.

Гузашти соли 2008 чанд махсусиятҳои худро дошт. Аз ҷумла тамоми қӯшунҳо бо  нишонҳои нави ҷангӣ мегузаштанд ва иштирокдорони парад бошанд дар тан либоси намуди нав доштанд.

Дар қисми ҳавоии гузашт на танҳо ҳавопаймоҳо, балки чархболҳои низомӣ, бомбандозҳо, ҳавопаймоҳои ҷанганда, ҳавопаймои низомии АН-124 иштирок доштанд. Бо сабаби иштироки техника дар парад давомнокии он аз 40 дақиқа то як соат дароз шуд.

Паради низомие, ки ба 65-солагии Пирӯзӣ бахшида шуда буд, соли 2010 дар Майдони Сурх бо шаҳомати бесобиқа баргузор шуд.

Дар Рӯзи Пирӯзӣ дар пойтахти тоҷикон "Ҳанги ҷовидон" қадам мезанад

Дар қисми торихии он бори нахуст намояндагони кишварҳои ИДМ ва шарикони эътилофи зиддигитлерӣ иштирок доштанд. Ҳамагӣ аз Майдони Сурх наздики ҳазор низомиёни хориҷӣ гузаштанд.

Ба Маскав намояндагони ҳарбии даҳ кишвари ИДМ, кӯшунҳои Амрико, Британияи Кабир, Фаронса ва Полша омаданд.

Ҳангоми гузашти низомӣ ҷанговарон, сокинони пойтахт ва меҳмонон навтарин системаҳои мушакии "Панцирь-С1" ва "Тополь-М"-ро диданд.

Гузашти низомии таърихӣ бахшида ба 75- умин солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ – акс

Соли 2011 дар парад ҳарбиён бори нахуст бо либоси намуди нави Қувваҳои мусаллаҳ ба майдон бароманданд.

Соли 2012 боз ҳамон либоси пештараашонро ба бар карданд.

Соли 2013 пас аз 3 соли фосила боз дар ин парад “суворовҳо” ва “нахимовҳо” иштирок карданд.

Ба гузашти низомии соли 2015 роҳбарони наздики 30 кишварҳои дуру наздик меҳмон шуданд. Ин гузашт ба 70-солагии Ғалаба бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ бештар аз 15 ҳазор нафар иштирок доштанд. Ба ғайр аз низомиёни Русия, дар чорабинӣ ҳарбиёни Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон Ҳиндустон, Чин, Сербистон, Муғулистон иштирок доштанд.

Дар парад наздики 200 воҳиди техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла намудҳои нави он ба намоиш гузошта шуданд.

Соли 2016 бори нахуст дар торихи парадҳое, ки дар Маскав баргузор мегардиданд, қӯшунҳои занон аз низомиёни Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ва бахши Академияи ҳарбии ба номи Хрулев иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар гузашти низомӣ вориди Кремл шуд
Афзун бар ин, парад барои намояндагони Қувваҳои ҳавоӣ ва Гвардияи миллӣ таҷрибаи наве гардид.

Ин ҷо бори нахуст ҳавопаймои ҳарбии Ил-76МД90А ба намоиш гузошта шуд. Афзун бар ин ду ҳавопаймои ҷангии Су-35С бори нахуст нишон дода шуданд.

Соли 2017 бори нахуст дар гузашти низомӣ аз Майдони Сурх қӯшунҳои ҳарбии ватанхоҳони ҳаракати “Юнармия" гузаштанд.
 Занони низомие, ки аз Майдони Сурх мегузаштанд бори нахуст жакети кабуд, бешдомани сафед ва чакмаи сиёҳ ба бар карданд. Пештар занон либоси сафед мепӯшиданд.

Дар чорабинӣ бори нахуст техникае, ки махсус дастаи арктикии Русия сохта шуда буд – комплекси мушакии “Тор-М2ДТ” ва “"Панцирь-СА” ба намоиш гузошта шуданд. Қӯшунҳои хушкигард низ ду техникаи нав бронеавтомобил "Тигр-М" ва танки Т-72Б3М-ро ба намоиш гузоштанд.

Бо сабаби ҳавои намусоид қисми ҳавоии парад лағв гардид.

Гузашти низомии таърихӣ дар Майдони Сурх анҷом ёфт

9 майи соли 2018 бори нахуст дар гузашти Майдони Сурх тарбиягирандагони омӯзишгоҳи ҳарбиву обии Нахимов аз Севастопол, Омӯзишгоҳи ҳарбии презиндентии Маскав, курсантони Академияи ҳарбии Смоленск ва полиси ҳарбӣ иштирок карданд.

Байни техникаи ҳарбие, ки аз Майдони Сурх гузаштанд, бори нахуст комплексҳои техникаи роботии "Уран-6" барои безарар гардонидани минаҳо, "Уран-9" ҳавопаймои бидуни сарнишин, “Катран” ва “Корсар” ба намоиш гузошта шуданд. Дар қисми ҳавоии парад 75 экипаж иштирок доштанд.

2019 махсус барои парад дар Русия худрави “кабреолет” дар асоси лимузини Aurus сохтанд. Дар ин худравҳо фармондеҳи гузашти низомӣ ва вазири мудофиа савор буданд.

Гузориши аксӣ аз гузашти низомии 8 ҳазор сарбоз дар назди президент дар Душанбе

 Афзун бар ин дар ҳайати қӯшқнҳои пиёдагарди парад бори аввал Донишгоҳи Маскави ВКД ба номи Кикотя, қисми занони низомии Академияи мудофиаи ҳавоии ба номи маршал Жуков ва қӯшқнҳои ҳарбии корпуси кумитаи тафтишотии ба номи Александр Невский иштирок доштанд.

 Соли 2019 ба далели ҳавои номусоид қисми ҳавоии парад лағв гардид.

Мобайнҳои апрели соли 2020 президенти Русия Владимир Путин қарор дод, ки бино бар вазъи мушкили эпидемиологӣ тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 75-солагии Пирӯзӣ ба таъхир андохта шаванд. 9 май дар шаҳрҳои Русия паради ҳавоӣ баргузор гардид.

Раҳмон куҳансарбозонро дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба истиқбол кард - навор

Охирҳои май президенти Русия эълон кард, ки гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Пирӯзӣ 24 июн июн баргузор мешавад.