Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Набарди пизишкони тоҷик алайҳи коронавирус: навор аз минтақаи сурх - видео

Бори нахуст ба шабакаҳои иҷтимоӣ навори мукаммал аз минтақаи сурхи дармонгоҳи Душанбе роҳ ёфт, ки чӣ гуна табибон қабл аз ворид шудан ба ин минтақа муҷҷаҳаз мешаванд
Sputnik

Навори мазкур аз Бемористони Ибни Сино гирифта шудааст. Муаллифи навори зайл, видеоблогери тоҷик Комроншоҳ Комилзода мебошад.

Бидуни фавт: омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз
Комроншоҳ наворашро аз он шурӯъ кард, ки чӣ гуна пизишкон қабл аз ворид шудан ба  минтақаи сурх омодагӣ мебинад. Қаҳрамоне, ки дар ин навор сабт гардидаст, бо кумаки як ҳамшира сару либоси мувофиқро ба бар намуда, ба корпусе, ки маризони коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд, ворид шуд.

Дар навор чанд пизишки дигар низ бо либоси муҳофизатӣ сабт гардидаанд, ки саргарми кор буданд.

Сӯҳбати Раҳмон бо Ҷинпин: гуфт Чин ба Тоҷикистон ҳам ваксинаи коронавирус медиҳад

Сабти навори мазкур дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз қоҳиш ёфтани ин маризии даҳшатбор хабар медиҳад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, суръати паҳншавии маризии коронавирус рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст ва аз нисф зиёд маризон аллакай шифо ёфтанд.

Тоҷикистон теъдоди умумии қурбониёни ин бемориро 52 нафар арзёбӣ кард.