ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Сайдалиева Зебинисо, сокини 56-солаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, муваққатан бекор, модари танҳо, соҳиби 7 фарзанд, ҳангоми таҷлили зодрӯзи духтараш, қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки зодрӯз бо ҷалби зиёда аз 15-20 нафар ҷашн гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати модари соҳибҷашн парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Таъкид шудааст, ки ҷашн охири моҳи март сурат гирифта, нақзи қонуни танзим зимни мурофиа тасдиқ шудааст.
Додгоҳ хотиррасон намуд, ки тибқи талаботи моддаи 8-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.
Дар пайи омӯзиши қазия, додрас Сайдалиева Зебинисоро дар нақзи қонуни танзим гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ, ҷазо таъйин кард.
Президент хост ҷарима зиёдтар шавад: нигаронӣ аз бархе модарон, муллоҳо ва мансабдорон
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи апрели соли равон дар парлумон гуфт, ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва бархе модарону бонувон ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.
Ӯ бо зикри ин нукта дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни танзим зиёд карда шавад.
“Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.