Шеъри Лоиқ, таронаи Юлдуз ва тавсифи Муродов: рақси тоҷикдухтар ҳамаро тасхир кард - Навор

Корбарон аз рақси духтараки тоҷик ба ваҷд омада, танҳо дар Фейсбук наздики 200 нафар онро бознашр ва сад нафар шарҳ додаанд
Sputnik

Як корбари Фейсбук, Масъуди Ақилова ҳамагӣ ду рӯз пеш се навори рақси духтараки ҷавони тоҷикро нашр кардааст, ки боиси баҳои баланди корбарон ва тавсифу таърифи онҳо гаштааст.

Ин наворҳо  танҳо дар ду рӯз садҳо нафар тамошо карда, наздики 200 нафар бознашр кардаанд вадар зераш 100 кас шарҳ навиштаанд.

 Дар навор духтари мавзун ва зебое зери ҳавои се тарона, яке аз онҳо аз ҳунарманди номӣ Юлдуз Усмонова мерақсад. Шеъри таронаи мазкур, "Як лаҳзае", ба шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад.

Тавре малум гардид, ин тоҷикдухтар раққосаи ҷавон ва боистеъдод Нодирабону Яқубова будааст. Соли гузашта дар консерте зери ҳавои таронаи ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов "Зулайхо" рақси номии Малика Қаландароваро иҷро кардаву мухлисони зиёде пайдо намудааст. Муродов дар анҷоми тарона аз раққосаи боистеъдод бо ишора тавсиф мекунад.

"Духтари хело боистеъдод! Чунин духтар ва рақси зеборо бори аввал мебинам", - менависад нафаре зери пости Масъуда Ақилова.

"Тамоми санъати рақси тоҷикиро нишон додааст, чашм роҳат мекунад", - навиштааст нафари дигар.

"Хислати ба зери навори духтарон шарҳ навиштанро надорам, аммо ба зери навори духтари шумо менависам. Беҳтарин!" , - менависад мухлиси дигари Нодирабону.

Ҳамин тавр, даҳҳо корбарон рақси Нодирабонуро васф карда, ӯро ифтихори санъати тоҷик, ҳунарманди боистеъдод ва духтари зебо гуфтаанд.

Нодирабону дар фарқ аз саҳна дар се навори боло дар хона ва бо либоси тоҷикона рақс намудааст. Бархе аз корбарон наворҳои рақси раққосаи машҳури ӯзбекистонӣ Паризодаро, ки ӯ низ зоҳиран дар хона рақс мекард, ёдовар шуда, навиштаанд, "ба Тоҷикистон чунин як исеъдод намерасид, ки ин духтар ҷояшро пур кард".

Рақси Фарзонаи Хуршед ва фарзандонаш корбарони интернетро ба ваҷд овард - видео